2024-05-28

Гулчанбаргузорӣ дар пояи Муҷассамаи "Дуои Модар"

27 майи соли 2024 гурӯҳе аз роҳбарону намояндагони Кумитаи марказии ҲХДТ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, собиқадорони ҳизбиву устодону донишҷӯён ва хонандагон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ба ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" ташриф оварда, ба пояи Муҷассамаи "Дуои Модар" гулчанбар гузоштанд.

Меҳмононро роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истиқбол намуданд.

Меҳмонон бо мақсади гиромидошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳастии Зан-Модар, ки ибтидои ҳастии башар мебошанд, гулчабар гузошта, ба ин васила самимият ва эҳтироми хосаи хешро ба фариштагони заминӣ нишон доданд.

Пас аз гузоштани гулҳои тару тоза дар пояи Муҷассамаи "Дуои Модар" меҳмонон расмҳои хотиравӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Муҷассамаи "Дуои Модар" бори нахуст дар мамлакат дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бунёд гардида, ба макони зиёрат ва фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"