2024-05-19

Дастаи "Парвоз" ғолибияти сеюмашро истиқбол кард

Дастаи "Парвоз"- и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" дар бозии навбатиаш тими "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷро дар майдонаш қабул кард.

Бозӣ байни дастаҳои мазкур бо иштироки мухлисони зиёд доир шуда, аз лаҳзаҳои аввал бартарии соҳибони майдон - дастаи "Парвоз" ба назар мерасид.

Бо ҳуҷумҳои пай дар пай соҳибони майдон тавонистанд дар анҷоми қисми аввали дидор ҳисобро боз намуда, ба пеш бароянд.

Қисмати аввали бозӣ бо натиҷаи 1 ба 0 хотима ёфт.

Дар қисмати дуюми дидори дастаҳои "Парвоз" ва "Саройкамар" агарчи ҳуҷумҳои сершумори ҳарду даста мушоҳида шуд, вале натиҷа тағъир наёфт. Ҳамин тавр дастаи "Парвоз" тавонист пирӯзии сеюмашро дар Лигаи якуми Тоҷикистон ба даст оварад.

Ёдовар мешавем, ки тими  "Парвоз"- и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" дар бозиҳои қаблӣ дастаҳои  "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон ва "Ёқут"-и шаҳри Ваҳдатро шикаст дода буд.

Бозии навбатии тими Фурудгоҳи байналмилии Хуҷанд бо дастаи "Сомон"- и ноҳияи Данғара дар назар аст.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилии Хуҷанд"