2024-06-02

Ғалабаи "дӯстӣ" дар бозӣ байни дастаҳои "Парвоз" ва "Ҳулбук"

01 июни соли 2024 дар даври навбатии Лигаи якуми Тоҷикистон дастаи "Парвоз"-и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" тими "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъро дар майдони худ қабул кард. 

Барои тамошои бозии мазкур мухлисони зиёд ташриф оварда буданд.

Бозии дастаҳои мазкур дар қисмати аввал эҳтиёткорона сурат гирифта, ин ду дастаи садри ҷадвали Лигаи якуми Тоҷикистон ҳолатҳои голзаниро кам ба миён оварданд. Танҳо дар анҷоми қисми аввали бозӣ як имконияти хуб барои кушодани ҳисоб ба бозингарони тими "Парвоз" ба миён омад, вале онҳо онро самаранок истифода карда натавонистанд. 

Дар қисми дуюми бозӣ ҳуҷумҳои тарафайни дастаҳо ба назар мерасид, вале бенатиҷа. То анҷоми бозӣ боз ду имконияти хуби голзанӣ ба соҳибони майдон ба миён омад, аммо натиҷаи бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Яъне дар бозӣ байни дастаҳои "Парвоз"-и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" ва тими 'Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ "дӯстӣ" ғалаба карда, онҳо имтиёзҳоро байни ҳам тақсим намуданд ва соҳиби як холӣ шуданд.

Дар бозии қаблӣ дастаи "Парвоз" тими "Сомон"-и ноҳияи Данғараро бо ҳисоби 2-0 шикаст дода буд.

Дар даври навбатӣ тими "Парвоз" дар меҳмонӣ бо дастаи "Исфара"-и шаҳри Исфара дидор анҷом медиҳад.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"