2024-05-01

Баррасии масъалаҳои мубрам дар маҷлиси кормандони ХБА

01 майи соли 2024 дар толори “Ҷавонон”-и ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ҷаласа баргузор  шуд, ки дар он фаъолияти хизмтии кормандони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили пешгирии экстремизму терроризм мубориза бо падидаҳои номатлуб мисли коррупсия ва мубориз ба он, қонуншиканиву ҷинояткорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа кормандони шуъбаи муҳофизат ва назорат, шуъбаи муоина ва бехатарӣ ва шахсони масъули ХБА иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа сардори шуъбаи кадрҳо Азимҷон Абдуллозода, мушовири ҳуқуқӣ Низомҷон Ҷумаев, нозири калони бехатарии парвозҳо ва сифат Абдуқаҳҳор Хоҷаев  иштирок карданд.

Дар оғоз, сардори ХБА Умедҷон Бурҳонов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали хадамот дар соли 2024 маълумот дод. Таъкид шуд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои хизмтии кормандон дар самти бехатарии авиатсионӣ ва амнияти фурудгоҳ, мудофиа ва муҳофизат намудани ҳудуди он, хизмадрасонӣ ба мусофирон дар ин давра дар баробари пешравиҳо камбудиҳое низ вуҷуд доштанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳад. Аз ҷумла иҷроиши фармоиши №80 оиди истифода накардани телефонҳои мобилӣ зимни фаъолияти хизматӣ, пешгирӣ намудани воридшавии шахсони бегона ба минтақаҳои маҳдудшуда ва худсарона тарк намудани минтақаҳои вобасташуда мебошад. Баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба кормандон ва роҳбарони бастҳо ва сардорони дидбонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идома, мушовири ҳуқуқӣ Низомҷон Ҷумаев перомуни соли 2024 эълон гардидани соли “Маърифти ҳуқуқӣ” баромад кард.Номбурда ҳамзамон доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва даст назадани кормандон ба он иброзӣ андеша кард.

Инчунин, дар кори ҷаласа сардори шуъбаи кадрҳо Абдуллозода А. перомуни иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои вазифавӣ, интизоми меҳнат ва сардори шуъбаи бехатарии парвозҳо ва сифат Хоҷаев А. доир ба сифати хизмадрасонӣ ба мусофирон ва момилаву моширати хуб ба онҳо ва пушидани либоси мавсимии корӣ маълумот дод.

Ҷаласа бо вазифагузориҳо доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба анҷом расид.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи

 ҶСК“Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”