2024-06-10

Пирӯзии навбатии дастаи "Парвоз" дар Лигаи якуми Тоҷикистон

Дастаи "Парвоз"- и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" бозии навбатиашро дар меҳмонӣ бо тими "Исфара"-и шаҳри Исфара доир кард.

Дар бозии дастаҳои мазкур аз лаҳзаҳои аввал бартарии дастаи "Парвоз" ба назар расид. Ин буд, ки дар дақиқаи ҳафтуми бозӣ ҳисоб ба манфиати дастаи "Парвоз" кушода шуд. 

Бо ҳуҷумҳои пай дар пай бозингарони тими Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тавонистанд натиҷаи бозиро тағйир дода, дар қисмати аввали дидор бо ҳисоби 2 бар 0 ба пеш бароянд.

Дар қисмати дуюми дидори дастаҳои "Парвоз" ва "Исфара" агарчи ҳуҷумҳои сершумори ҳарду даста мушоҳида шуд, вале натиҷа тағъир наёфт. Ҳамин тавр дастаи "Парвоз" тавонист пирӯзии навбатиашро дар Лигаи якуми Тоҷикистон ба даст оварад.

Ёдовар мешавем, ки тими  "Парвоз"- и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" дар Лигаи якуми Тоҷикистон то ҳанӯз ба шикаст рӯ ба рӯ нагардидааст.

Бозии навбатии тими Фурудгоҳи байналмилии Хуҷанд бо дастаи "Душанбе - 83" назар аст.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд