2024-04-29

Ғалабаи дастаи "Парвоз"- и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" дар даври аввали Лигаи якуми Тоҷикистон

26 апрели соли ҷорӣ дастаи "Парвоз"- и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" дар бозии нахустини хеш дар майдони худ тими "Моҳир"-и ноҳияи Ёвонро қабул кард. Дидори дастаҳои мазкур ҷолибу диданӣ ҷараён гирифта, бо натиҷаи 2 ба 0 ба фоидаи соҳибони майдон - дастаи "Парвоз"- и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" анҷом ёфт. Голҳои дастаи "Парвоз"-ро  Шараф Азизов ва Алинур Ниёзбеков ба нишон расониданд. Ин пирӯзии нахустини дастаи "Парвоз" дар мавсими нав мебошад. Дар даври дуюми Лигаи якуми Тоҷикистон тими "Парвоз"-и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" бо дастаи "Ёқут"-и шаҳри Ваҳдат рақобат менамояд.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилии Хуҷанд"