2024-04-30

Кабудизоркунӣ ва истифоди босамари заминҳои кишт дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар баробари хизматрсонӣ ба мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот  ба кишварҳои дуру наздик дорои заминҳои зиёди корам аз қабили боғу токзор ва гармхонаҳо мебошад. Дар ҳар мавсими кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу гулу буттаҳои ороишӣ дар фурудгоҳ ҷиҳати ободу зебо кардани канори роҳу ҷодаҳо, орову зебо намудани муҳити атроф ва ба ин васила ҳифзи муҳити зист тадбирҳои муҳими сабзкорӣ андешида мешавад.  Дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ аз қабили арчаву ардаҷ, соснаву каштон ва могноливу серенаи ҳиндӣ, ки баъзеашон аз хориҷи кишвар харидорӣ шудааст, дар саҳн ва канори кӯчаву роҳравҳои фурудгоҳ шинонида шудаанд. 

Бо ибтикор ва ташаббуси роҳбари Фурудгоҳ  Қурбони Алимардон махсусан саҳни фабрикаи дӯзандгӣ, ки сохтмони биноаш дар ҳолати анҷомёбист, дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.

 Дар ин баробар ҳоло дар фурудгоҳ панҷ адад гармхонаҳо фаъолияти мунтазам дошта, дар он кормандон ба нигоҳубин ва парвариши беш аз панҷ намуд гулҳои ороишӣ аз қабили питунӣ, салвӣ, покета, гули тоҷихурус ва марҷонгул машғул мебошанд. Ҳамчунин дар қисмате аз гармхонаҳо лиму ва помидору бодиринг нигоҳубин ва парвариш карда мешавад. Гулҳои парваришёфтаи гармхонаҳо дар ҳар мавсим барои зебу оро додани саҳни фурудгоҳ истифода мегардад.

Ёдовар мешаем, ки ҷиҳти иҷрои дстуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, бунёди гармхонҳо ва истифодаи босамари заминҳо дар Фурудгоҳ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 

Дар фурудгоҳ заминҳои бекорхобидаи назди хадамоту сохторҳо обчакорӣ гардида, боғу токзор бунёд ва маҳслоти ниёзи аввал кишт карда мешавад. Дар заминҳои назди бинои шуъбаи муҳофизат ва назорати ХБА  дар 1 га замин боғ бунёд карда  шуд, ки дар он дарахтони мевадиҳандаи навъҳои гелос,   зардолу ва  шафтолуву олуча шинонида шуда, инчунин ба қисме аз заминҳои мазкур, помидору бодиринг ва кадуву булғорӣ корида шудаанд.

 Истифодаи босамари заминҳои фурудгоҳ  ва анҷом додани  корҳои кабудизоркунӣ зери назорати роҳбари фурудгоҳ қарор дошта, минбаъд низ  ин қабил амалҳои сабзкорӣ ва ободонӣ идома дода мешавад.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилии Хуҷанд"