2024-07-15

Мубориза ба гурӯҳҳои ифротӣ баҳри ҳифзи истиқлолу оромӣ

Имрӯз, 15 июли соли 2024 дар ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" бо мақсади мубориза ба амалҳои номатлуб ва пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мулоқоти судманд доир шуд. Дар мулоқот ёрдамчии калони прокурори нақлиёти Тоҷикистон Саидқадам Зоирзода, сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон Дадоҷон Содиқзода, иҷрокунандаи вазифаи прокурори нақлиёти вилояти Суғд Манучеҳр Қурбонов ва роҳбарияту кормандони Фурудгоҳ иштирок намуданд. Дар оғоз, директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" Қурбони Алимардон меҳмононро муаррифӣ карда, мавзӯи матраҳшавандаро муҳиму саривақтӣ маънидод кард. Ӯ илова намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти давлат диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар идома, баромадкунандагон таъкид карданд, ки суботу оромӣ дар кишвари азизамон ҳукмфармо буда, ҳифзу нигаҳдории ин неъматҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат мебошад.Танҳо ҳушёрии сиёсӣ, иштироки васеи тамоми қишрҳои ҷомеа дар мубориза бо ин «вабои аср» метавонад суботи ҷомеа ва амнияти давлатҳоро таъмин кунанд. Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"