2024-06-07

Парвозҳо дар ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" зиёд мегарданд

Имрӯз, 07 июни соли 2024 хатсайри нахустини самти Қашгар- Хуҷанд- Қашгар дар ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" амалӣ гардид.

Роҳбарият ва гурӯҳи кории ширкати ҳавопаймоии "Chandu - Airlines" ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ташриф оварданд.

Роҳбарон ва намояндагони ширкати ҳавопаймоии мазкурро директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" Қурбони Алимардон ва роҳбарону намояндагони хадамоту сохтори Фурудгоҳ дар фазои дӯстиву рафоқат самимона истиқбол гирифтанд.

 Зимни қабули меҳмонон таъкид шуд, ки роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳоро бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ густариш дода, хатсайрҳои ҳавоиро бештар намояд. Шуруъ аз имрӯз  хатсайри нави самти Қашгар - Хуҷанд-Қашгар ифтитоҳ шуд.

 Хатсайри мазкур ҳафтае як маротиба  аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба Фурудгоҳи байналмилалии Қоши-Лайнин, ки дар ноҳияи худмухтори Қашгар, музофоти Синзен-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин ҷойгир аст, роҳандозӣ мешавад.

Вақти парвоз 1,5 соат буда, ба мусофирон дар ин масир ширкати ҳавопаймоии "Chandu - Airlines" хизматрасонӣ менамояд.

Минбаъд мусофирон метавонанд пас аз парвоз ба шаҳри Қашгар ба дигар минтақаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин бо харҷи кам тавассути ҳама намуди нақлиёт сафар намоянд.

Роҳбарон таъкид намуданд, ки минбаъд шумораи хатсайрҳоро дар масири Қашгар-Хуҷанд-Қашгар  зиёд намоянд.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд